Сардабири «ИмрӯзNews» мутмаин аст, ки А.Ҳукумов ба қарори суд дахолат кардааст

Санаи 18-уми июл рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири рӯзнома Назири Нусрат бо шикояти назоратӣ ба Раёсати суди шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, зеро ҳалномаи зинаҳои поёнии судӣ оид ба қонеъ кародани аризаи даъвогии Рустам Ҳукумов нисбати рӯзномаро ғайриқонунӣ мешуморанд. Дар саҳифаи фейсбукии худ Назири Нусрат навиштааст, ки ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарори кассатсионии Коллегияи судии […]

ASIA-Plus


Санаи 18-уми июл рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири рӯзнома Назири Нусрат бо шикояти назоратӣ ба Раёсати суди шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, зеро ҳалномаи зинаҳои поёнии судӣ оид ба қонеъ кародани аризаи даъвогии Рустам Ҳукумов нисбати рӯзномаро ғайриқонунӣ мешуморанд.

Дар саҳифаи фейсбукии худ Назири Нусрат навиштааст, ки ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарори кассатсионии Коллегияи судии парвандаҳои шаҳрвандии Суди шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ва беасос мебошад.

«Мо ба чунин мавқеъ ҳастем, ки дар ҳардуи ин ҳолат маҳз дахолати падари мансабдори Рустам Ҳукумов – Амонулло Ҳукумов ба ҷараёни баррасии парванда, баҳсро ба манфиати даъвогар Рустам Ҳукумов ҳал кард», – омадааст дар навиштаи сардабир.

Дар иттилоъ зикр мегардад, ки зимнан, Рустам Ҳукумов дар баҳси додгоҳӣ бо рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири рӯзнома мехоҳад ин қазияро баррасӣ кунад, ки моҳи июни соли 2008 дар Маскав чи рӯй дод. «Дар посух мо мегӯем, баҳси додгоҳии мо бо нафаре, ки соли 2008 бо ҷурми тиҷорати 9,5 героин боздошт шуд, ҳеҷ вақт воситаи «тоза» шудани ӯ нест ва ба андешаи мо, ин баҳси додгоҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад Рустам Ҳукумовро «сафед» кунад», – гуфта мешавад дар навишта.

Сардабир баён мекунад, ки аз ҷониби дигар, ҳеҷ суду ҳеҷ судяе ин ҳаққро надоранд, ки дидаву дониста, манфиатҳои нафареро, ки маҳз бо ҷурми нашъаҷаллобӣ се сол дар ҳабс буд, аз манфиатҳои як рӯзнома ва як хабарнигоре, ки ин қазияро инъикос кардаанд, боло гузоранд. «Қудои раиси Суди Олӣ будани падари Рустам Ҳукумов маънои онро надорад, ки ҳама чиз аз онҳост», – афзудааст Назири Нусрат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.