Афзоиши меъёри фоизҳои қарз бо асъори миллӣ

ASIA-Plus

Ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 142,7 фоиз зиёд шуда, 6,5 млрд. сомониро ташкил намуд. Зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов қайд кард, ки таркиби сохтори он аз 38,2 фоизи қарзҳо бо пули миллӣ ва 61,8 фоизи боқимондаи қарзҳо […]


Ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 142,7 фоиз зиёд шуда, 6,5 млрд. сомониро ташкил намуд.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов қайд кард, ки таркиби сохтори он аз 38,2 фоизи қарзҳо бо пули миллӣ ва 61,8 фоизи боқимондаи қарзҳо бо асъори хориҷӣ иборат мебошад.

Ба қавли ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон 4,2 млрд. сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43,8 фоиз зиёд аст. «Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 24,8 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 21,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта бо пули миллӣ 4,7 банди фоизӣ зиёд гардида, бо асъори хориҷӣ 2,5 банди фоизӣ кам шуд. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда ба 3,1 млрд. сомонӣ баробар шуда, коэффитсенти бозгашти он, 74,2 фоизи қарзҳои дар нимсолаи аввал додашударо ташкил намуд.», – иброз дошт раиси БМТ.

А.Ширинов зикр кард, ки нимсолаи аввал муҳлати миёнаи пардохти қарзҳо барои шахсони воқеӣ 441 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 369 рӯзро ташкил намуд. «Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда назар ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 49,8 фоиз зиёд шуда, ба 2,2 млрд. сомонӣ баробар шуд. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 444,8 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 43,9 фоиз зиёд мебошад», – изҳор дошт номбурда.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ,  шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 143 адад расид, аз ҷумла: 16 бонк, 37 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 44 ташкилоти қарзии хурд ва 46 фонди қарзии хурд фаъолият доштанд. Дар ин давра нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта теъдоди ташкилотҳои маблағгузории хурд 1 адад ва филиалҳои бонкҳо 17 адад зиёд гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.