Раисони 6 ноҳия ба президент телефонӣ ҳисобот доданд

Ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Тавилдара, Ховалинг, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор телефонӣ ҳисобот доданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисобот таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладона ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистон зоҳир карда шуд. Таъкид […]

ASIA-Plus


Ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Тавилдара, Ховалинг, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисобот таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладона ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон ва ҳамчунин фаровон захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон аз ҳар ваҷаб замини корам ва ҳамаи имконоти дигари мавҷуда пурсамар истифода баранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи иди саиди фитр ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат бояд дасти кумак дароз карда шавад.

Сарвари давлат дар назди раисони ноҳияҳои номбурда, доир ба иҷрои саривақтии буҷети давлатӣ, таҳлили натиҷаҳои ин кор дар нимсолаи якуми соли равон ва андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дастуру супоришҳо, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки ба омодасозии иншооти соҳаи маориф ба соли нави хониши 2013-2014 ва ҳамчунин ба зимистони пешомад таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.