Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рӯзи 25-уми июл бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдор оид ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа машварати корӣ доир намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар машварат зикр гардидааст, ки сохтмони қитъаи роҳи оҳани мазкур ба рушди иқтисоди минтақаи ҷануби кишвар, имконоти содиротиву воридотии он ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидати назаррас хоҳад кард.
«Дар машварат қайд шуд, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва қитъаи Ваҳдат-Ёвони он, бо сармоягузорони имконпазири Чин гуфтушунид ҷараён дорад ва дар ин робита Оқилов ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии нақбу пулҳои дар лоиҳа пешбинишуда ва суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунид бо сармоягузори чинӣ супоршҳои мушаххас дод», – гуфт Муҳиддинов.



