Имрӯз дар шабакаи иҷтимоии Facebook аксҳои зане пайдо шуданд, ки гуфта мешавад, ҳамин духтар соҳибкор Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номусаш муттаҳам мекунад.
Дар силсилаи аксҳои аз ҷониби шахси номаълум аксбардоришуда духтаре бо либоси миллии ҳарир ва дар даст қуттии тамоку тасвир ёфтааст. Дар акс дида мешавад, ки ӯ дар назди бинои КДАМ, ҷойи нигаҳдории Зайд Саидов қарор дорад. Дар паҳлӯи ӯ як зани дигар ва Фирӯз Холмуродов, муовини сардори Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов истодаанд.
Корбарони Facebook Алиҷон Одинаев ва Taheer Moula, ки ин аксҳоро паҳн кардаанд, тасдиқ менамоянд, ки маҳз ҳамин духтар ҷабрдида аз таҷовуз ба номус дар парвандаи соҳибкор Зайд Саидов аст.
Ёдрас мекунем, ки 14-уми август дар
маросими рӯбарӯкуниии
соҳибкори маъруф Зайд Саидов бо духтаре, ки ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, ӯ ин духтарро нашинохт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, бо дидани духтар Саидов дарҳол гуфтааст, ки ӯро намешиносад ва ҳеҷ гоҳ бо ӯ ягон муносибате надоштааст.
«Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод. Албатта, кӣ Зайдро намешиносад. Имрӯз ӯро ҳама мешиносанд», – гуфт Табаров.
Ба қавли адвокат, ба ҷуз айбдоршаванда, адвокат, «ҷабрида» ва намояндаи расмии ӯ, муфаттиш низ дар вохӯрӣ ҳузур доштааст.
«Чизе набошад, мо аз ин вохӯрӣ қаноатмандем. Муфассал сабабашро гуфта наметавонам, вале дар вохӯрӣ мо тамоми чизҳои зарурӣ барои худро шунидем», – иброз дошт адвокат.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми июл нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ
парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Коршиносон бар ин назаранд, ки айбномаҳои нав нисбати Зайд Саидов метавонанд сохташуда ва баёноти ин занон бардурӯғ бошанд, зеро тибқи айбномаҳои пешин заминаи исбот мавҷуд нест ва аз ин рӯ, тафтишот маҷбур аст, ки «ҷиноятҳо»-и нав «ошкор созад»-у ба ӯ пешниҳод намояд.
Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки ҳамаи ин айбномаҳо ба Саидов дарҳол пас аз
номаи ӯ
аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳиши дахли ӯ ба қазия бо назардошти вазъи солимиаш пешниҳод шуданд.



