Оғози пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар Cуғд

Аз 14-уми август дар қаламрави вилояти Суғд пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар диапазони FM дар басомади 104.4 Mhz оғоз гардид. Тавре директори генералии радио Парвона Аҳрорӣ дар ин робита хабар дод, акнун барномаҳои радиои «Азия-Плюс»-ро метавон дар шаҳри Хуҷанд, Чкаловск ва ноҳияҳои Зафарободу Бобоҷон Ғафуров низ шунид. Интиқоли мавҷ бо дастгирии фаннии ширкати «Вавилон-Т» имконпазир […]

Меҳрангез Турсунзода


Аз 14-уми август дар қаламрави вилояти Суғд пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар диапазони FM дар басомади 104.4 Mhz оғоз гардид.

Тавре директори генералии радио Парвона Аҳрорӣ дар ин робита хабар дод, акнун барномаҳои радиои «Азия-Плюс»-ро метавон дар шаҳри Хуҷанд, Чкаловск ва ноҳияҳои Зафарободу Бобоҷон Ғафуров низ шунид. Интиқоли мавҷ бо дастгирии фаннии ширкати «Вавилон-Т» имконпазир гардид.

Аудиторияи имконпазир дар ин минтақа ҳудуди 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ аудиторияи радиои «Азия-Плюс» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ба наздики 1 млн. нафар баробар аст. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои наздики он – Сарбанд, Вахш, Румӣ ва Бохтар шумори шунавандагони радиои «Азия-Плюс» 500-600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Директори тиҷоратии радиои «Азия-Плюс» Далер Нурхонов илова намуд, ки пас аз анҷоми эфири техникӣ эфири мукаммал ба ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ тақсим гардида, барои эфири минтақавӣ ҳамарӯза 6 соат вақт ҷудо карда мешавад. «Ин эфир аз мусиқии махсуси интихобшуда, барномаҳои гуногун ва бахши таблиғу реклама барои рекламадиҳандагони минтақавӣ иборат хоҳад буд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шабакаи мустақили радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномахо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва тавассути интернет иҷозатнома дастрас кардааст. Ҳамин тариқ, моҳи апрели соли гузашта пахши барномаҳои радио дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Дар минтақаи ҷануб пахши барномаҳои радио тавассути ҳамон басомади дар пойтахт мавҷуда – 107 FM сурат мегирад.

Радиои ASIA-Plus – нахустин радиои мустақили Душанбе мебошад. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ аст. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.