Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон аввалин суруд дар бораи интихобот пахш мешавад

Аввалин суруди сиёсӣ дар мавзӯи интихобот аз тарафи овозхони ҷавони Қурғонтеппа Фазлиддин Раҳмонов дар рӯзҳои наздик дастраси мухлисон хоҳад шуд. Бино ба гуфтаи Раҳмонов, мақсади аслии суруди мазкур баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандон аст. Дар таҷрибаи овозхонии ӯ, ба гуфтаи ҳунарманд, ин аввалин суруди сиёсист, ки махсус ба мавзӯи интихобот бахшида шудааст. «Идеаи ин сурудро […]

Сайраҳмон Назриев


Аввалин суруди сиёсӣ дар мавзӯи интихобот аз тарафи овозхони ҷавони Қурғонтеппа Фазлиддин Раҳмонов дар рӯзҳои наздик дастраси мухлисон хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи Раҳмонов, мақсади аслии суруди мазкур баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандон аст. Дар таҷрибаи овозхонии ӯ, ба гуфтаи ҳунарманд, ин аввалин суруди сиёсист, ки махсус ба мавзӯи интихобот бахшида шудааст.

«Идеаи ин сурудро барои банда яке аз дӯстони рӯзноманигорам Рустами Сафар пешниҳод кард ва ба ман ҳам бисёр хуш омад, ки дар баланд бардоштани фарҳанги сисёии шаҳрвандон саҳмгузор бошам. Ман ба яке аз шоири маъруфи кишвар  Усмон Билолӣ, ки ҳамкориҳои наздик дорем, хоҳиш кардам, матни сурудро бинависад. Ва ӯ дар як муҳлати кӯтоҳ ин матнро бароямон эҷод кард. Аз сабаби он ки таҷрибаи аввал аст, банда аз барои бастани оҳанг ба оҳангсоз Астана Гулматов муроҷиат кардам. Айни замон суруд омода аст ва дар рӯзҳои наздик пешкаши ҳамватанон хоҳад шуд. Умедворам, аз тарафи мухлисону шунавандагони тоҷик хуб қабул хоҳад шуд», – гуфт Раҳмонов.

Ӯ ҳамзамон қайд кард, ки дар суруд аз касе ҷонибдорӣ карда намешавад. Он танҳо мардумро ба ширкати фаъолона дар интихобот даъват месозад.

Муаллифи матни суруд Усмон Билолӣ дар сӯҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт: «Ман дар мавзӯъҳоиои гуногун шеърҳои зиёдеро офаридаам. Аз ҷумла дар мавзӯи ватандустию сулҳ, аммо дар мавзӯи интихобот таҷрибаи аввал аст»,-қайд кард Билолӣ.

Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи интихоботии Тоҷикистон ин шояд аввалин суруде бошад, ки дар васфи интихобот суруда мешавад. Ба гуфтаи Фазлиддин Раҳмонов, клипи ин суруд дар наздиктарин муҳлат омода хоҳад шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.