Ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов дар Душанбе як аксияи флеш-моб доир гардид.
Иштирокчиёни аксия овеза бо акси Зайд Саидовро бо 100 адад пуфак ба ҳаво сар доданд. Ҳамчун рамзи озодӣ 100 кабӯтар низ ба ҳаво сар дода шуд.
Флеш-моб ба 100 рӯз аз замони боздошти Зайд Саидов бахшида шуда, субҳи имрӯз дар боми бинои маркази тиҷоратии «Пойтахт» баргузор шуд. Дар аксия дӯстону наздикони Зайд Саидов, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар ширкат варзиданд.
Дар фурсати наздиктарин ОИ «Азия-Плюс» аксҳо аз ин аксия ва сабти аудиоии суҳбат бо Махмудчон Косимовро манзуратон мегардонад.
Mahpora Kiromova”s Slidely by
Slidely – Slideshow maker



