Фармондеҳи ситоди нерӯҳои хушкигарди артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ рӯзи чоршанбе, 28-уми август бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, зимни сафари генерали покистонӣ ба Тоҷикистон мулоқоти ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев дар назар аст.
«Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили рушди ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва омодасозии кадрҳои ҳарбӣ баррасӣ хоҳанд шуд», – зикр кард Маҳмадалиев.
Ба гуфтаи ӯ, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди артиши Покситон ҳамчунин аз Донишкадаи низомии Тоҷикиситон боздид карда, бо сарбозону афсарони як қатор қисмҳои низомӣ мулоқот анҷом хоҳад дод.



