Бону аз ҲНИТ имзои президент ба ҷонибдории Бобоназароваро гирифтанӣ шуд

ASIA-Plus

Рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр гурӯҳе аз ташаббускорони Ҳизби наҳзатьи исломии Тоҷикистон гирдоварии имзоҳо барои номзад Ойниҳол Бобоназароваро дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт идома дода, Ҳамида Носирова, яке аз фаъолтарини ин гурӯҳ, барои гирифтани имзо ба ҷониби манзили Президент рафт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Ҳамидаро посбонҳои манзили президент бо чеҳраи кушод пазируфта, зуд ба […]


Рӯзи якшанбе, 29-уми сентябр гурӯҳе аз ташаббускорони Ҳизби наҳзатьи исломии Тоҷикистон гирдоварии имзоҳо барои номзад Ойниҳол Бобоназароваро дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт идома дода, Ҳамида Носирова, яке аз фаъолтарини ин гурӯҳ, барои гирифтани имзо ба ҷониби манзили Президент рафт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Ҳамидаро посбонҳои манзили президент бо чеҳраи кушод пазируфта, зуд ба идораи амниятиҳо занг заданд ва фурсате пас намояндаҳои амният расида омада, пас аз шиносоӣ сӯҳбати гарме миёни бону Ҳамида ва амниятиҳо баргузор шудааст.

Онҳо пеш аз ҳама дар ҳайрат омадаанд, ки аввалин нафаре, ки ба хонаи Раҳмон барои гирифтани имзо омад, духтари боҷасорат аз ҲНИТ мебошад, яъне, то ҳол аз ягон ҳизби дигар нафаре ҷуръат надошт, ба ин манзил наздик шавад.

Онҳо кунҷкобӣ намуданд, ки чаро бонуи наҳзатӣ маҳз ба ин манзил омадааст.  Ҳамида посух додааст, ки Раҳмон баробари Президент будан ҳамчунин шаҳрванд ҳам ҳаст ва ҳуқуқи имзо гузоштан дорад ва мо хостем, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳукуқ истифода барад ва дар варақаи ирзоҷамъкунӣ барои номзад Бобоназарова имзо гузорад.

Онҳо гуфтанд, ки Ҷаноби Олӣ дар ин ҳавлӣ айни замон нест ва оилааш ҳам дар ин ҳавлӣ набуд, бинобарин онҳо наметавонанд ӯро ба дохили ҳавлӣ роҳ диҳанд. Ҳамчунин онҳо аз ӯ даъват доштанд, ки ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳад, аммо хоҳар Ҳамида посух додааст, ки на, ӯ албатта, барои номзад Бобоназарова овоз хоҳад дод.

Боз пурсидаанд, ки барои ин кораш шояд наҳзат барояш маъоши хуб ҳам диҳад.  Ҳамида бону ҷавоб медиҳад, ки моҳона намегирад, балки баръакс онҳо барои ҳизб мадад мерасонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1930 – Дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз кард. Соли 1931 – Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон таъсис...

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.