Э.Раҳмон ба корҳои таҷдиди роҳи Ховалинг-Восеъ ҳусни оғоз бахшид

Зимни сафар ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ ҳусни оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи  беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Аз ин маблағ 19 миллион доллараш саҳми […]

ASIA-Plus


Зимни сафар ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои азнавсозии роҳи мошингарди Ховалинг-Восеъ ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи  беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Аз ин маблағ 19 миллион доллараш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 миллион маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд мебошад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 87 км роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 км роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ба ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ширкат варзид. Ин муассиса бо кумаки молиявии созмони ҷамъиятии Миссияи Шарқ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст, омода гардида, барои 120 нафар кӯдакони дорои имконоти маҳдуд пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои нави филиали бонки саҳҳомии Агроинвестбонк дар ноҳияи Ховалинг, тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи 20 ҷуфти ҷавони навхонадорон ва 70 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд низ ҳузур дошт. Ҳамчунин ба 23 нафар кӯдакону наврасон ва ҷавонони донишҷӯй, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ расонда шуд. Аз ҷумла, ба ҳар яки онҳо дафтарчаҳои амонатии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва яктогӣ планшет барои аз худ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ  ва кор бурдани он дар рӯзгорашон тақдим карда шуд.

Дар идома бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳаш ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҷамоати деҳоти Шугноб, ҳамчунин як нонпазхона, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.

Дар анҷоми сафар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султони Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалингро зиёрат намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.