Даъвати бародари О.Бобоназарова ба шуъбаи милиса

Салоҳиддин Камолов, бародари номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназароваро рӯзи 29-уми сентябр ба шуъбаи милисаи ноҳияи Ёвон даъват карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдуқаюми Қаюмзод, котиби матбуотии ситоди О.Бобоназарова хабар дод, кормандони шуъбаи милиса ин амали худро бо он маънидод кардаанд, ки Камолов шоҳиди кадом ҳодисае дар меҳмонхонаи Ёвон будааст, ки дар […]

ASIA-Plus


Салоҳиддин Камолов, бародари номзади пешбаришуда аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназароваро рӯзи 29-уми сентябр ба шуъбаи милисаи ноҳияи Ёвон даъват карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдуқаюми Қаюмзод, котиби матбуотии ситоди О.Бобоназарова хабар дод, кормандони шуъбаи милиса ин амали худро бо он маънидод кардаанд, ки Камолов шоҳиди кадом ҳодисае дар меҳмонхонаи Ёвон будааст, ки дар он ба ҳайси ошпаз кор мекунад.

«Бобоназарова ба Ёвон раҳсипор шуданӣ буд, вале бародараш тавассути телефон дар ин робита изҳор намуд, ки ӯро аллакай аз шуъбаи милиса ҷавоб дода, аз рӯи ҳодисае ба сифати шоҳид ӯро бозпурсӣ кардаанд. Ӯро нозири маҳаллии милиса ба шуъба даъват кардааст», – гуфт Қаюмзод.

Ба қавли ӯ, ин даъват як шакли фишороварӣ ба худи Бобоназарова аст, зеро бародарашро бидуни даъватиномаи расмӣ ва дар рӯзи истироҳат ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Каморлов дар ноҳияи Ёвон ба гурӯҳи ташаббускори О.Бобоназарова дар ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ӯ кӯмак мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.