Даъвати ЮНИСЕФ аз ВАО ҷиҳати таваҷҷуҳ ба инъикоси масоили марбут ба кӯдакон

ASIA-Plus

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) аз намояндагони васоити ахбори умуми машғул ба масоили оилаву кӯдакон қотеъона даъват кард, ки зимни инъикоси масоили марбут ба кӯдакон ба интихоби меъёр ва худтанзимкунии масъулият нисбат ба барномарезӣ, интишор ё намоиши ҳама гуна маълумоти муассир ба вазъи рушди равониву иҷтимоӣ, эҳсос ва маънавиёти кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар изҳороти […]


Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) аз намояндагони васоити ахбори умуми машғул ба масоили оилаву кӯдакон қотеъона даъват кард, ки зимни инъикоси масоили марбут ба кӯдакон ба интихоби меъёр ва худтанзимкунии масъулият нисбат ба барномарезӣ, интишор ё намоиши ҳама гуна маълумоти муассир ба вазъи рушди равониву иҷтимоӣ, эҳсос ва маънавиёти кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар изҳороти рӯзи 28-уми сентябри ЮНЕСКО вобаста ба пахши барномаи «Пойбанди нафрат» дар шабакаҳои телевизионӣ зикр мегардад, ки намоиши наворҳои кӯдаки ҳалокшуда ва ҷисми афгори ӯ бо шарҳи дақиқи амали содиршуда аз ҷониби қотил дар шабакаҳои телевизионӣ, бахусус шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон», миёни аҳли ҷомеа баҳсҳои пурҷӯшу хурӯшеро рӯйи кор овард.

«Гузашта аз ин, пахши чунин наворҳо дар шабакаи телевизионие, ки ба таҳияи барномаҳои некхоҳона барои тамошобинони синнусоли аз 3 то 16-сола масъул аст, мухолифи Принсипҳои ахлоқи инъикоси барномаҳои марбут ба кӯдакон аст», – баён мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин дар изҳорот таъкид мегардад, ки дастур оид ба ахлоқи инъикоси масоили марбут ба кӯдакон ва нварасони синнусоли то 18-сола бар асоси Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакон таҳия ва ба сифати дастур пешниҳод шудаанд, ки ба ВАО дар инъикоси ин масоил ба тарзи қобили қабул барои кӯдакон кӯмак мекунад.

«Ҳуқуқи одамон нисбат ба маълумот оид ба масъалаҳои мушкилоти ҷомеа бояд эътироф ва ба ихтиёри шаҳрвандон вогузор гардад. Дар ҳамин ҳол, эътирофи ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот низ бояд маҳдудиятҳои ахлоқӣ зимни инъикоси онҳоро ба инобат гирад ва яке аз ин маҳдудиятҳо дастрасӣ ба маълумоти марбут ба кӯдакон аст, зеро инъикоси масоили вобаста ба кӯдакон ва наврасон нозукиҳои хоси худро дорад. Таҳияи мавод барои кӯдакон ё дар бораи онҳо бо шумули барномаҳои телевизионӣ аз журналистон муносибати саҳеҳкорона, амал кардан танҳо ба хотири манфиати кӯдакон ва ҳимояи онҳо аз осеби равонӣ ва эҳтиром гузоштан ба оилаҳои ҷабрдидагонро тақозо мекунад. Пахши тасвирҳо ё намоиши барномаҳои дорои маълумоти зараровар ба рушди кӯдакон набояд дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш карда шаванд», – зикр мегардад дар изҳорот.

Дар ҳамин ҳол, Саидалӣ Сиидиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевиизону радиои Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита

изҳор намуда буд

, ки «баъзан метавон чунин барномаҳоро дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш намуд, то ки кӯдакони мо шахсони хубу накӯкор ба воя расанд».

Ҳамчунин қаблан созмонҳои журналистии кишвар

бо пахши як изҳорот

аз роҳбарияти давлат ва ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, ки ба пахши барномаи телевизионии нафратангез баҳои сазовори ҳуқуқиву сиёсӣ дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.