Шикояти ситоди Бобоназарова аз истифодаи «бесобиқа»-и захоири маъмурӣ

ASIA-Plus

Дар изҳороти интишоршудаи ситоди пешазинтихоботии номзади аз ҲНИТ пешбаришуда Ойниҳол Бобоназарова ҳукуматдорон барои истифодаи «бесобиқа»-и захоири маъмурӣ мавриди интиқод қарор дода шуданд. «Вазъи торафт бадшавандаи пешазинтихоботӣ, ки вобаста ба он ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон дағалона ва ба таври оммавӣ вайрон мешаванд, боиси ташвишу нигаронии ҷиддист», – гуфта мешавад дар изҳорот. Дар изҳорот бори дигар зикр мегардад, […]


Дар изҳороти интишоршудаи ситоди пешазинтихоботии номзади аз ҲНИТ пешбаришуда Ойниҳол Бобоназарова ҳукуматдорон барои истифодаи «бесобиқа»-и захоири маъмурӣ мавриди интиқод қарор дода шуданд.

«Вазъи торафт бадшавандаи пешазинтихоботӣ, ки вобаста ба он ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон дағалона ва ба таври оммавӣ вайрон мешаванд, боиси ташвишу нигаронии ҷиддист», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот бори дигар зикр мегардад, ки раванди устувори маҳдудкунии ҳарчи бештари ҳуқуқҳои конститутсионии қариб 1,5 миллион ҳамватанони бурунмарзӣ барои ширкат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 35 %-и теъдоди умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳанд, мушоҳида мешавад.

«Иқдоми навбатии бағоят нигаронкунандаи КМИР ҶТ, ки таҳти салоҳияти Президенти мамлакат ба фаъолият мепардозад, қарор аз хусуси ташкили участкаҳои интихоботӣ дар хориҷа аст, ки теъдоди нокифояашон, бахусус дар Федератсияи Россия (ҳамагӣ 24), беш аз як миллион ҳамватанони моро аз овоздиҳи маҳрум месозад», – баён мегардад дар изҳорот.

Ин ҷо аз сиёсати роҳандозишудаи ҳукумат нисбати ҲНИТ низ изҳори норозигӣ карда мешавад. «Ба замони пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ рост омадани маъракаи бузургмиқёси бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он беҳуда нест. Ин як қисмате аз ҳамон нақшаи роҳ надодани номзади мухолифин ба интихобот тариқи монеъа эҷод кардан ба ҷамъоварии шумори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории ӯст», – чунин мешуморанд дар ситоди Бобоназарова.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.