Ҷамъоварии беш аз 765 ҳазор тонна зироати ғалладона

ASIA-Plus

То имрӯз кишоварзони тоҷик беш аз 765 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузшта 165 ҳазор тонна зиёдтар аст. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол ҳосилнокии зироати ғалладона 3,3 сентнер афзуда, агар дар ҳамин давраи соли гузашта ҳосилнокӣ 23 сентнер аз як гектарро ташкил дода бошад, […]


То имрӯз кишоварзони тоҷик беш аз 765 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузшта 165 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол ҳосилнокии зироати ғалладона 3,3 сентнер афзуда, агар дар ҳамин давраи соли гузашта ҳосилнокӣ 23 сентнер аз як гектарро ташкил дода бошад, пас соли равон он ба ҳисоби миёна ба 26,3 сентнер аз як гектар баробар шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки соли ҷорӣ зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони умумии 292,6 ҳазор гектар кишт шудааст. Аз ҷумла, дар майдони тақрибан 223 ҳазор гектар гандум кишт карда шуд.

Кишоварзони тоҷик соли гузашта дар ҳаҷми умумии 1 млн. 200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 ҳосили гандум дар Тоҷикистон 801,2 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд.

Соли 2009 дар Тоҷикистон 938,4 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосили баландтарини ин навъи зироат дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, ҳудуди 70%-и он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.