Эмомалӣ Раҳмон нақби Чормағзакро боз кард

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуд. Тавре зикр гардид, аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нуқтаи идораи нақб ворид шуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуд. Тавре зикр гардид, аз ин ҷо ҳаракати мошинҳо аз ду самти даромад ба нақб ва дар дохили он ва ҳамчунин кори шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ҳавокашӣ, зиддисӯхторӣ ва ғайра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дигар назорат ва идора карда мешавад.

Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад, бо буридани лентаи рамзӣ ва дуою фотиҳаи наку ифтитоҳ ёфт. Нахустин шуда, аз дохили он қатори мошинҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз шимол ба ҷануб убур намуда, аз оғози мавриди истифодаи умум қарор гирифтани он башорат доданд.

Тавре зикр гардид, ин нақб бо роҳҳои аз шимолу ҷануб ба он пайвастшаванда бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ бо сифати баланди сатҳи байналмилалӣ бунёд ёфтааст. Дар якҷоягӣ бо роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бошад, ки қитъае аз шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-сарҳади Чин мебошад, дар маҷмӯъ 630 миллион сомонӣ масраф шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки то имрӯз бо ин иншоти муҳими нақлиётӣ дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт. Ғайр аз ин, дар ин муддат 1700 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявиву маҳаллӣ бо 200 пули хурду бузург ва даҳҳо км долонҳои зиддитармавӣ сохта ва навсозӣ шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии тантанавӣ дар шаҳри Норак, ки дар ҳузури анбӯҳи зиёди мардум, аз ҷумла намояндагони аҳли зиёи кишвар сурат гирифт, ифтитоҳи ин иншооти бузурги нақлиётиро ба кулли сокинони Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки акнун масофаи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шуд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки акнун бехатарии ҳаракати мошинҳо дар ин қитъаи кӯҳии роҳ хеле беҳтар мегардад ва бояд боиси коҳиш ёфтани шумораи садамаҳои нохуши нақлиётӣ шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин нақби навбунёд ба хотири гиромидошти яке аз қадимтарин воҳидҳои ҷуғрофии сарзамини аҷдодиамон Хатлон номгузорӣ шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор бунёдкорони ин нақби мошингардро аз миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намуд.

Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони сершумори мардуми кишвар маҳфили дилниши пурсишу посух ва андешаронӣ баргузор гардид. Дар миёни мардум, намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори кишвар, аз ҷумла Гулназар Келдӣ, Бозор Собир, Кароматулло Мирзоев, Камол Насрулло ва Абдулҳамид Самадов низ ҳузур доштанд.

Нақб мувофиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Чин дар доираи амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бунёд гардид, ки аз фурудгоҳи Душанбе оғоз гардида, то маркази ноҳияи Данғара тӯл мекашад.

Роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара идомаи роҳи Душанбе-Чанак мебошад, ки дар навбати худ қисмате аз роҳи мошингарди байнулмилалии Чанак-Хуҷанд-Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма-Қарақорум маҳсуб меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.