Фурудгоҳи Данғара байнулмилалӣ мешавад

То ахири соли равон мутахассисони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бояд тамоми корҳои омӯзиши лоиҳаи азнавсозии фурудгоҳи Данғараро ба анҷом расонида, онро ба ҳукумат пешниҳод кунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, дар сурати ҳамаҷониба асоснок гардидани лоиҳа, он ба рӯйхати барномаи давлатии сармоягузорӣ барои соли 2014 ворид карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, […]


То ахири соли равон мутахассисони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бояд тамоми корҳои омӯзиши лоиҳаи азнавсозии фурудгоҳи Данғараро ба анҷом расонида, онро ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, дар сурати ҳамаҷониба асоснок гардидани лоиҳа, он ба рӯйхати барномаи давлатии сармоягузорӣ барои соли 2014 ворид карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия, зимни сафари мутахассисон ҳанӯз соли 2011 тасмим гирифта шуда буд, ки корҳои азнавсозии фурудгоҳи Данғара аз сар гирифта шаванд. Ин корҳо соли 2002 бинобар сабаби вазъи душвори иқтисодӣ дар кишвар қатъ гардида буданд.

Ҳамчунин қаблан лоиҳаи азнавсозии фурудгоҳи «Данғара» ба рӯйхати лоиҳаҳо дар доираи барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) барои олҳои 2011-2015 шомил гардида, аммо зимни баррасӣ аз он хориҷ гардид. Дар маълумотномаи лоиҳа зикр мегардад, ки фурудгоҳ дар наздикии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-ағбаи Қулма- марзи Чин воқеъ буда, хатсайри алтернатвии роҳи 5-и ин барнома мебошад ва корҳои азнавсозии он бояд бо мақсади таъсиси маркази логистика (хизматгузорӣ) дар Данғара ва минтақаи озоди иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби кишвар сурат гиранд.

Гуфта мешавад, он замон маблағи тахминии ҳаҷми корҳои азнавсозии фурудгоҳи Данғара 30 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешуд. Феълан фурудгоҳи Данғара дар минтақаи ҷануби кишвар мавриди истифода қарор надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".