Г.Петров: БҶ на камтар аз ӯзбекон ба идомаи сохтмони Роғун халал расонид

– Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки барои мусоидат ба баргузории ташхиси нерӯгоҳи Роғун ба Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) изҳори миннатдорӣ намуда, ниҳоят ба корҳои бунёди иншоот ҳусни оғоз бахшад, – чунин ибрози андеша намуд ба ОИ «Азия-Плюс», мудири озмоишгоҳи гидроэнергетикаи Пажуҳишгоҳи мушкилоти соҳаи об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи улуми Тоҷикистон Георгий Петров. «Қаблан ҳам ман чандин […]

ASIA-Plus


– Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки барои мусоидат ба баргузории ташхиси нерӯгоҳи Роғун ба Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) изҳори миннатдорӣ намуда, ниҳоят ба корҳои бунёди иншоот ҳусни оғоз бахшад, – чунин ибрози андеша намуд ба ОИ «Азия-Плюс», мудири озмоишгоҳи гидроэнергетикаи Пажуҳишгоҳи мушкилоти соҳаи об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи улуми Тоҷикистон Георгий Петров.

«Қаблан ҳам ман чандин маротиба изҳор карда будам, ки ташхис талафи беҳудаи вақт аст ва акнун бар ин назарам, ки ман ҳатто каме ба иштибоҳ афтодаам. Ин талафи хеле зиёновари фурсат аст. Мо онро аз даст медиҳем. Ба эътиқоди ман, мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ кореро анҷом дода истодаанд, ки барои мо нолозиманд», – гуфт ӯ.

Коршинос муътақид аст, ки Тоҷикистон се солро беҳуда барои ташхисҳои нолозим аз даст дод. «Сарфи назар аз эҳтироми ҳамаҷонибаам ба ин ташкилоти ҷиддӣ, Бонки ҷаҳонӣ на камтар аз ӯзбекон ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун халал расонид», – изҳор кард номбурда.

Ба қавли ӯ, аз коршиносони Бонки ҷаҳонӣ хулосаҳои мушаххас ба манфиати ин ё он ҷониби манфиатдорро интизор шудан нашояд.

Петров таъкид дошт, ки агар БҶ хулосаи мусбат пешниҳод кунад ҳам, Тоҷикистон алҳол лоиҳаи тасдиқшудаи сохтмони нерӯгоҳро дар даст надорад. «Лоиҳаи мавҷудаи замони шӯравӣ имрӯз коршоям нест. Аз он замон ду даҳсола сипарӣ шуда, албатта техникаву таҷҳизот ба пешравиҳои хеле назаррас ноил гардид», – мегӯяд коршинос.

Энергетик мутмаин аст, ки Тоҷикистон ба ивази ташхиси лоиҳаи даврони шӯравӣ таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ бояд як ташкилоти бонуфзуи байнулмилалии лоиҳакаширо ба кор ҷалб намояд.

«Ман ҳамчун корманди «Гидропроект» ташкилоти худро эҳтиром мекунам, вале ин пажӯҳишгоҳ имрӯз аз ҳеҷ нуфузе бархӯрдор нест. Даъвати ташкилоти обрӯманди байнулмилалии лоиҳакашӣ зарур буда, барои ин тақрибан 5 млн. доллари ИМА маблағ масраф мегардад, ки барои ҷумҳурӣ хароҷоти ночизест. Сипас ташхиси маъмулӣ доир намуда, метавон ба бунёди иншоот шурӯъ кард», – зикр кард Петров.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл ҳисоботҳои арзёбии иншооти мавҷудаи нерӯгоҳи Роғун ва баҳогузории техникию иқтисодӣ – Тадқиқоти геологӣ ва геотехникии фонаи қабати намакин дар таркиби садд ва обанбор

ба чоп расиданд

. Ҳисоботҳо аз ҷониби мушовирон (Coyne & Bellier) дар ҳамкорӣ бо ҳукумати ҶТ омода гардида, мавриди омӯзиши гурӯҳи коршиносони иборат аз мутахассисони техникии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтаанд.

Машваратҳои навбатӣ оид ба табодули маълумот ва баррасии таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои манфиатдор моҳи октяри соли равон доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд. Муддати чанд сол муҳлати анҷом ташхис ба вақти дигар гузаронида мешуданд ва имсол Тоҷикистон ба анҷоми арзёбии ташхиси лоиҳа умедвор аст.

Нерӯгоҳи Роғун иншооти сохтмонаш нотамоми гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми сохтмони он нерӯгоҳи бузургтарини обиву барқи дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа ҳам ҷонибдорону ҳам мухолифони идомаи сохтмони нерӯгоҳ мавҷуд бошанд ҳам, сарфи назар аз ин, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин нерӯгоҳ бунёд гардида, натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Айни замон ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НОБ Роғун» 6 млрд. сомониро ташкил медиҳад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.