Масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия ниҳоят ҳаллу фасл шуд

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон тасдиқ шуд. Зимни шарҳи моҳияти созишномаи мазкур ба вакилон вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев изҳор кард, ки ин санадро Русия ҳанӯз 7-уми майи соли равон ба тасвиб расонида, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба манфиати […]


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Зимни шарҳи моҳияти созишномаи мазкур ба вакилон вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев изҳор кард, ки ин санадро Русия ҳанӯз 7-уми майи соли равон ба тасвиб расонида, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба манфиати ҳарду кишвар нигаронида шудааст ва ба муқобили ҷониби сеюми истифода намешавад.

Ӯ ба вакилон ҳамчунин иттилоъ дод, ки мувофиқи Ёддошти баимзорасида оид ба ҳамкории техникӣ аз 5-уми октябри соли 2012, Русия артиши ҷумҳуриро бо авиатсияи муосир, тӯпу зиреҳ, воситаҳои алоқа, техникаи автомобилии низомӣ, таҷҳизоти мудофиаи зиддиҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯш ва силоҳи оташфишони замонавӣ таъмин мекунад.

«Дар самти омодасозии кадрҳои низомӣ Тоҷикистону Русия ҳамкории густарда дошта, шурӯъ аз соли 2005 Русия барои артиши Тоҷикистон 2 ҳазору 14 нафар афсаронро омода намуд ва айни замон дар макотиби олии низомии ин кишвар ҳудуди 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ройгон таҳсил мекунанд», – гуфт Ш.Хайруллоев.

Вазири мудофиа ҳамчунин зикр кард, ки шурӯъ аз соли 2005 Русия ба Тоҷикистон ба сифати кӯмаки техникиву низомӣ дар ҳаҷми беш аз 411 млн. доллари ИМА ёрӣ расонидааст.

Ғвйр аз ин, имрӯз дар палатаи поёнии парлумон Созишнома байни Тоҷикистону Русия дар бораи тариби бубудоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ки 8-уми феврали соли 2013 ба имзо расида буд, низ тасдиқ гардид.

Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ёдовар шуд, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе тирамоҳи соли гузашта оид ба тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ба шаҳрвандони Тоҷикистон додани иҷозатномаи якдафъаинаи кор ба муддати се сол тавофуқ ҳосил шуда буд.

Дар навбати худ С.Девонаев дар ин робита хабар дод, ки лоиҳаи ин созишнома таҳия гардида, айни замон мавриди шиносоиву омӯзиши тарафҳо қарор дорад.

Дар посух ба луқмаи вакил Шодӣ Шабдолов дар бораи ахиран аз ҷониби бархе аз сиёсатмадорони рус пешниҳод шудани ҷорисозии низоми раводид бо Тоҷикистон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Собиров посух дод, ки масъалаи роҳандозии низоми раводид миёни кишварҳо дар сатҳи расмӣ мавриди баррасӣ қарор надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".