Суди Қӯрғонтеппа парвандаи милисаи ба шиканҷа айбдоршударо баррасӣ мекунад

Суди Қӯрғонтеппа ба бознигарии парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, идома бахшид. Дар ин мурофиаи судӣ навраси корманди милисаро ба истифодаи шиканҷа нисбаташ айбдоркарда бозпурсӣ шуд, ки дар натиҷа ӯ ба ҷони худ суиқасд карда буд. Ҷабрдида бори дигар тасдиқ намуд, ки нозири […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Суди Қӯрғонтеппа ба бознигарии парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, идома бахшид.

Дар ин мурофиаи судӣ навраси корманди милисаро ба истифодаи шиканҷа нисбаташ айбдоркарда бозпурсӣ шуд, ки дар натиҷа ӯ ба ҷони худ суиқасд карда буд.

Ҷабрдида бори дигар тасдиқ намуд, ки нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев дар кабинети кориаш нисбати ӯ аз шиканҷаву таҳдид истифода кардааст. Ҳамин тариқ, дар мурофиаи судии мазкур то рӯзи 7-уми октябр танаффус эълон шуд.

Қобили зикр аст, ки

рӯзи 24-уми сентябр

дар ҷануби кишвар бознигарии парвандаи собиқ нозири минтақавӣ Машраф Алиев, ки бо ҷурми истифодаи шиканҷа нисбат ба як ноболиғ айбдор дониста шудааст, оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноболиғи деҳаи Кулободи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон 29-уми апрел дар манзили истиқоматиаш дар ҳоли худро ба дор овехтан пайдо карда шуд. Наздиконаш писарбачаро аз банд берун оварда, дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Тафтишот муайян сохт, ки чанде қабл корманди милисаи маҳаллӣ бо гумони даст доштан дар дуздӣ, ӯро ба утоқи кориаш даъват намуда, писарбачаро таҳқиру дашном дода, ба хотири гирифтани гувоҳии иқрорӣ латукӯб кардааст. Бино ба маълумоти тафтишот, ноболиғ баъд аз муносибати дағалонаи корманди милиса даст ба худкушӣ задааст.

7-уми сентябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Ёвон Машраф Алиевро гунаҳкор дониста, ба 7 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Аммо додгоҳи вилояти Хатлон дар асоси эътирози раиси Суди олии ҶТ ҳукми додгоҳи Ёвонро бекор кард, зеро ба ақидаи ӯ, ҳукм нисбат ба Машраф Алиев сабук аст. Бо назардошти эътирози мазкур парвандаи ҷиноятӣ ба тафтиши дубора фиристода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".