Ифтитоҳи консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Гамбург

Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими ифтитоҳи консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Гамбурги Олмон ширкат варзид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин маросим роҳбарони заминҳои федералии Гамбург ва Шлезвиг-Голштейн, корпуси консулгариҳо, намояндагони бахшҳои тиҷорату иқтисод, доираҳои кориву илмӣ, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Гамбург ҳузур доштанд. Зимни […]


Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими ифтитоҳи консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Гамбурги Олмон ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин маросим роҳбарони заминҳои федералии Гамбург ва Шлезвиг-Голштейн, корпуси консулгариҳо, намояндагони бахшҳои тиҷорату иқтисод, доираҳои кориву илмӣ, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Гамбург ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ назди ҳозирин Ҳ.Зарифӣ таъкид намуд, ки ифтитоҳи консулгарӣ яке аз натиҷаҳои амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Олмон дар соли 2011 ва ҳамчунин натиҷаҳои гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни мутақобилан судманд бо шумули густариши ҳамкориҳо байни манотиқи кишварҳо мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки ниҳоди консулгариҳои фахрӣ воситаи пурсамари рушди ҳамкориҳои дуҷониба аст. «Ифтитоҳи ин консулгарӣ ба болоравии сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ ва робитаҳои гуманитарӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт», – изҳори итминон кард Ҳ.Зарифӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз Гамбург вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Шоҳигарии Белгия раҳсипор гардид. Дар рафти Шӯрои ҳамкорӣ, ки дар шаҳри Брюссел барпо мегардад, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин масоили байналмилалиро муҳокима хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".