Раиси Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон меояд

Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин робита раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба раисони кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон ҷиҳати омодагирӣ ба гуфтушунидҳои байнипарлумонӣ супориш дод. «Бо дархости мо ба ҳайати Русия сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар Константин […]


Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар ин робита раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба раисони кумитаву комиссияҳои палатаи поёнии парлумон ҷиҳати омодагирӣ ба гуфтушунидҳои байнипарлумонӣ супориш дод.

«Бо дархости мо ба ҳайати Русия сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар Константин Ромодановский шомил гардида, ман аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дархост мекунам, ки ҷараёни иҷрои созишномаву қарордодҳои баимзорасида дар бахши муҳоҷират миёни кишварҳоро мавриди таҳлили дақиқ қарор бидиҳанд», – гуфт Зуҳуров.

Зимни сафари расмии раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин ба Тоҷикисион дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".