Амонулло Ҳукумов журналистонро ба Русия фиристод

Аҳлиддин Салимов

Амонулло Ҳукумов, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” як гурӯҳ журналистонро аз тариқи поездҳои мусофирбарӣ ба Русия фиристод. Маъруфҷон Маҳмудов, котиби масъули ҳафтаномаи “Минбари халқ”, ки дар рӯихати сафаркунандагон шомил гаштааст, ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки бо мақсади санҷиши ҳолати риояи қонунгузорӣ марбут ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар поездҳои мусофирбарии Душанбе-Масква-Душанбе, инчунин шинос гардидан бо […]


Амонулло Ҳукумов, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” як гурӯҳ журналистонро аз тариқи поездҳои мусофирбарӣ ба Русия фиристод.

Маъруфҷон Маҳмудов, котиби масъули ҳафтаномаи “Минбари халқ”, ки дар рӯихати сафаркунандагон шомил гаштааст, ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки бо мақсади санҷиши ҳолати риояи қонунгузорӣ марбут ба ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар поездҳои мусофирбарии Душанбе-Масква-Душанбе, инчунин шинос гардидан бо вазъи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳолати санитарӣ-техникии поездҳои мусофирбар сафарбар шуданд.

Дар ин ҳайат, журналистон аз шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо”, “Шабакаи  Аввал” хабарнигори ҳафтаномаи “Нақлиёт” ва “Минбари халқ”, инчунин муовини сардори Шӯъбаи раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯйи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати ҶТ, сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Маъруфҷон Маҳмудов инчунин хабар дод, ки ин сафар аз 1-уми октябр то 10 -уми октябри соли 2013 идома хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.