Адвокат: Пахши сюжет дар бораи З.Саидов дар ТВ нақзи эҳтимолияти бегуноҳӣ аст

Шоми рӯзи 30-юми сентябр тавассути шабакаҳои давлатии телевизионии «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» дар бораи амалҳои тафтишотии ҷараёндошта оид ба далели дуюми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ аз ҷониби соҳибкор Зайд Саидов як сюжет намоиш дода шуд. Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор аз ин амали ҳам шбакаҳои давлатии телевизионӣ ва ҳам мақомоти масъули тафтишот изҳори нигаронӣ намуд. […]


Шоми рӯзи 30-юми сентябр тавассути шабакаҳои давлатии телевизионии «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» дар бораи амалҳои тафтишотии ҷараёндошта оид ба далели дуюми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ аз ҷониби соҳибкор Зайд Саидов як сюжет намоиш дода шуд.

Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор аз ин амали ҳам шбакаҳои давлатии телевизионӣ ва ҳам мақомоти масъули тафтишот изҳори нигаронӣ намуд.

«Чун тафтишоти ин парванда то ҳанӯз идома дошта, он муҳри махфӣ дорад, мо бар ин назарем, ки пахши сюжети мазкур нақзи эҳтимолияти бегуноҳии тибқи қонун муқарраршуда ва ҳамчунин риоя накардани талаботи моддаи 161-и КҶ ҶТ (Таҳти тафтиш қарор доштани тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноӣ) аст. Гузашта аз ин, макомоти тафтишот аз мо оид ба ифшо накардани сирри тафтишот забонхат гирифта буданд», – мегӯяд Қудратов.

Дар сюжет наворҳои амалҳои тафтишотӣ, аз ҷумла тартиби рӯбарӯкунӣ намоиш дода мешавад, ки дар он ҷабрдидаи имконпазир аз миёни се нафар мардони ҳузурдошта Зайд Саидовро ҳамчун шахси ба номусаш таҷовузкарда мешиносад. Дар идома духтар аз ҳодиса ва ҷойи содир шудани он ҳикоят мекунад.

Ба қавли адвокат, ҳеҷ касе ҳуқуқ надошт, ки ин амали тафтишотиро ба маърази умум гузорад, зеро тафтишот идома дошта, ба ифшои тафсилоти он ҳуқуқ дода нашудааст.

«То имрӯз аз рӯйи далели боз як таҷовуз ба номус маросимҳои шинохтан ва рӯбарӯунӣ доир гардида, ҳатто айбдоршаванда дар ин маврид то ҳол бозпурсӣ нашудааст, ки ӯро ба воситае дар ин айб гунаҳкор кунанд. Чун тафтишот аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ва Агентии зиддифасод гузаронида мешавад, мо аз болои ин амал ба прокурори генералӣ шикоят хоҳем бурд. Гурӯҳи тафтишотиро прокурори Агентии зиддифасод Зуҳал Раҳимов роҳбарӣ мекунад», – афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки дар ду маросими рӯбарӯкунии шаби 25-уми сентябр бо ҷабрдида

дар парвандаи нави таҷовуз ба номус

ва шоҳиди ӯ соҳибкор Зайд Саидов далели таҷовуз ба номуси духтари 15-соларо рад карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.