Барқияи табрикотии Э.Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

ASIA-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 64- умин солгарди Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сарвари давлати ин кишвар Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон бо фараҳмандии хосса аз дастовардҳои назарраси Чини дӯст, эътибори афзуни он дар сатҳи […]


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 64- умин солгарди Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сарвари давлати ин кишвар Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон бо фараҳмандии хосса аз дастовардҳои назарраси Чини дӯст, эътибори афзуни он дар сатҳи байналмилалӣ ва имкониятҳои минбаъдаи он дар масири пешрафту рифоҳ ёдоварӣ мекунанд.

«Равобити миёни ду кишвар, ки дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил бунёд ёфтааст, пайваста рушду густариш меёбад. Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Чин ва ҷараёни ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию гуманитарии миёни ду кишвар баҳои баланд медиҳад», – таъкид доштааст Э.Раҳмон.

Бино ба арзёбии ӯ, ҳамкорӣ бо Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай барои Тоҷикистон муҳим аст, зеро он боиси тавсеаи рушди иқтисодӣ ва таҳкими амният дар минтақа мебошад.

«Баҳори имсол сафари давлатии ман ба кишвари Шумо бо муваффақият ба анҷом расида, дар баробари мусоидат дар самти ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни ду кишвар, инчунин дар равобити дуҷонибаи миёни кишварҳоямон сатҳу сифати тоза бахшид. Ба имзо расидани эъломияи муштарак ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории стратегӣ далели ин гуфтаҳо аст», – гуфта мешавад дар барқия.

Ҳамчунин дар барқия ба роҳбарияти Чин барои дастгирии пайваста, пеш аз ҳама дар татбиқи бузургтарин барномаҳои ҳаётан муҳим дар бахшҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва иҷтимоиёт арзи сипос карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.