Мухолифати Ӯзбекистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар минбари СММ

ASIA-Plus

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор намуд, ки дар шароити бад шудани вазъи экологӣ ва камбуди оби нӯшокӣ дар минтақа ва миқёси ҷаҳонӣ, таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ масъалаи муҳиму рӯзмарра аст. «Амударёву Сирдарё ду рӯдхонаи асосии фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, тӯли таърих сарчашмаи ободиву […]


Зимни суханронӣ дар иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов изҳор намуд, ки дар шароити бад шудани вазъи экологӣ ва камбуди оби нӯшокӣ дар минтақа ва миқёси ҷаҳонӣ, таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ масъалаи муҳиму рӯзмарра аст.

«Амударёву Сирдарё ду рӯдхонаи асосии фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ буда, тӯли таърих сарчашмаи ободиву ҳаёт барои мардуми минтақа мебошанд ва маҳз аз ҳисоби маҷрои ин рӯдхонаҳо ҳавзаи баҳри Арал бо об таъмин мегардад, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбекистон бо такя ба суханони Комилов.

Ба қавли Комилов, нақшаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳои нави бузург, аз ҷӯмла Роғун (бо сарбанди 350 метр) ва Қамбарота-1 (бо сарбанди 275 метр) дар болооби ин дарёҳо Ӯзбекистонро бетараф гузошта наметавонад.

«Бисёре аз коршиносони варзида бар ин назаранд, ки сохтмони ин иншоотҳо ба маҷрои табиии об халал ворид сохта, ба оқибатҳои хатарноки экологиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда мерасонанд», – иброз доштааст ӯ – Тавозуни бе ин ҳам ноустувори обиву экологии минтақа халалдор гардида, гузашта аз ин, бунёди ин иншоот дар минтақаи зилзилахез тарҳрезӣ шудааст, ки хавфи зиёди фалокати техногениро ба вуҷуд меорад».

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя, дар ин робита Ӯзбекистон дар масъалаи роҳ надодан ба сохтмони иншооти гидротэнергетикӣ дар маҷроҳои байнулмилалӣ бидуни мувофиқаи пешакӣ бо кишварҳои манфиатдор усулан мавқеъгирӣ мекунад.

«Мутобиқи таҷрибаи байнулмилалии ҳуқуқӣ, ҳатман ташхиси воқеъбинонаи байнулмилалии лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои Роғуну Қамбарота-1 таҳти сарпарастии СММ ҷиҳати арзёбии таъсири имконпазири иншооти гидроэнергетикии нав ба реҷаи табиии маҷрои об, муҳити зист ва ҳайвоноту набобот зарур аст», – зикр кардааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.