Ташрифи гурӯҳи нозирони САҲА ва ИДМ ба Тоҷикистон

Рӯзи 30-юми сентябри соли равон  дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии КМИР, дар оғоз раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба рафти тайёрӣ ба интихобот, амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақшагирифта ва нақшаҳои минбаъдаи комиссияҳои интихоботӣ ахборот дод. Ба гуфтаи Шоҳиён, чанде аз созмонҳои […]


Рӯзи 30-юми сентябри соли равон  дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии КМИР, дар оғоз раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба рафти тайёрӣ ба интихобот, амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақшагирифта ва нақшаҳои минбаъдаи комиссияҳои интихоботӣ ахборот дод.

Ба гуфтаи Шоҳиён, чанде аз созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ фиристодани нозирони худ ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро хоҳиш кардаанд. «Баъди чанд рӯз нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) ва тахминан рӯзи 10-уми октябр як гурӯҳи нозирони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо сарварии муовини дабири кулли Кумита ба Тоҷикистон ташриф меоранд», – иброз дошт раиси КМИР.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гузориши роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев оид ба раванди ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳо ба мансаби Президент пешбаригарида дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, муроҷиату дархостҳои воридгардида доир ба ин масъалаҳо ва корҳои анҷомдодашуда дар ҳаллу фасли монеаҳои пайдошуда шунида шуд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзади худ ба мансаби президентиро дар анҷумани пешазинтихоботиаш рӯзи 4-уми октябр дар Душанбе пешбарӣ менамояд. Интизорӣ меравад, ки ин номзад президенти амалкунанда, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".