Рӯзи 30-юми сентябри соли равон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии КМИР, дар оғоз раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба рафти тайёрӣ ба интихобот, амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақшагирифта ва нақшаҳои минбаъдаи комиссияҳои интихоботӣ ахборот дод.
Ба гуфтаи Шоҳиён, чанде аз созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ фиристодани нозирони худ ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро хоҳиш кардаанд. «Баъди чанд рӯз нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) ва тахминан рӯзи 10-уми октябр як гурӯҳи нозирони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо сарварии муовини дабири кулли Кумита ба Тоҷикистон ташриф меоранд», – иброз дошт раиси КМИР.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гузориши роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев оид ба раванди ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳо ба мансаби Президент пешбаригарида дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, муроҷиату дархостҳои воридгардида доир ба ин масъалаҳо ва корҳои анҷомдодашуда дар ҳаллу фасли монеаҳои пайдошуда шунида шуд.
Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзади худ ба мансаби президентиро дар анҷумани пешазинтихоботиаш рӯзи 4-уми октябр дар Душанбе пешбарӣ менамояд. Интизорӣ меравад, ки ин номзад президенти амалкунанда, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.



