КДАМ кӯшиши интиқоли мухаддарот ба Қирғизистонро бартараф кард

Азия-Плюс

Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди героини афгонӣ ба Қирғизистон пешгирӣ карданд. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар маркази робитаҳо бо ҷомеаи КДАМ-и Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз нашъаҷаллобон наздики 7 килло героин мусодира шудааст. Аз рўи ин далел сокини 39-солаи шаҳри Кӯлоб, ки дар […]


Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз кӯшиши интиқоли миқдори зиёди героини афгонӣ ба Қирғизистон пешгирӣ карданд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар маркази робитаҳо бо ҷомеаи КДАМ-и Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз нашъаҷаллобон наздики 7 килло героин мусодира шудааст.

Аз рўи ин далел сокини 39-солаи шаҳри Кӯлоб, ки дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ва сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд, собиқ корманди яке аз мақомоти қудрати дастгир шудаанд.

Мувофиқи иттилоъ, боздоштшудагон кӯшиш доштанд ин миқдор нашъаро ба Қирғизистон дар махфигоҳи махсуси сабукрави «Мерседес-бенС» интиқол бидиҳанд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

11 сол зиндон ба сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб. Ӯ барои тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ гумонзад буд

Додгоҳи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ аз буҷа гумонзад мешуд, ба 11 соли...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.