Ордени “Шараф ва мардонагӣ” ба Олга Тутубалина

Бунёди “Шараф ва мардонагӣ” (“Честь и мужество”)-и Санкт-Петербурги Русия Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”-ро, ки ахиран бо панҷ иттиҳодияи эҷодию илмии Тоҷикистон вориди як баҳси додгоҳӣ шудааст, бо ордени “Шараф ва мардонагӣ” сарфароз гардонд. Ин орден аз Санкт-Петербург ба дасти Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон расида, сипас ба хонум Тутубалина тақдим шудааст. Ин орден […]

Азия-Плюс



Бунёди “Шараф ва мардонагӣ” (“Честь и мужество”)-и Санкт-Петербурги Русия Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”-ро, ки ахиран бо панҷ иттиҳодияи эҷодию илмии Тоҷикистон вориди як баҳси додгоҳӣ шудааст, бо ордени “Шараф ва мардонагӣ” сарфароз гардонд.

Ин орден аз Санкт-Петербург ба дасти Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон расида, сипас ба хонум Тутубалина тақдим шудааст.

Ин орден дар ҳоле ба Олга Тутубалина дода мешавад, ки ӯ дар пайи нашри як матлаб ба додгоҳ кашонда шудааст. Панҷ иттиҳодияи эчодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомонии ӯро талаб намуданд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш аз суханони Владимир Ленин, ки гуфтааст, “Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд” кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе, ки қаблан даъвои зиёиёнро ба далели русӣ будани матни он рад карда буд, рӯзи 10-уми октябр ба баррасии он идома хоҳад дод.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.