ҲНИТ ғайриконститутсионӣ донистани тасдиқи бланкаҳо аз сӯйи раисони ноҳияҳоро дархост кардааст

spot_imgspot_img

Дата:


Имрӯз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо ирсоли як дархост аз Суди конститутсионии ҶТ хоҳиш кардааст, ки муқаррароти Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди пешниҳоди бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, ғайриконститутсионӣ дониста шавад.

Дар ин хусус ба Хабаргузории “Азия-Плюс” Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯйи номзад ба маснади президентӣ Ойниҳол Бобоназарова иттилоъ дод.

Ин дархости худро 

ҲНИТ


 


чунин асоснок кардааст:

Дар асоси моддаҳои 84 ва 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1, 14, 34 (зербанди 7), моддаи 37 ва моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хоҳиш менамоем, мутобиқати талаботи қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд», санҷида шавад.

Талаботи мазкур аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ асос барои роҳ надодани шаҳрвандони бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъоварии имзоҳо ба дастгирии номзад ба мансаби Президент дониста шудааст, зеро тасдиқ намудани бланкаҳои марбутаро аз ҷониби раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо истисно мекунад. Талаботи зикршудаи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳиятан табъиз буда, ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон, аз ҷумла, ихтиёрдорӣ аз ин ҳуқуқҳоро тавассути фаъолият дар ҳизбҳои сиёсӣ мамониат мекунад ва аз ин рў бархилофи муқаррароти моддаҳои 5-6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирнопазирии моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёдии давлатро, ки баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар он халқ аст (қ.1 моддаи 6), эълом доштааст (моддаи 100) ва ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштироки бевосита ё тавассути вакилонашро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ (қ.1 моддаи 27) додааст.

Ҳуқуқи мазкур мутобиқ ба усулу муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ ва дар пояи принсипи конститутсионии баробарҳуқуқӣ, ки ӯҳдадории давлатро бобати таъмини баробарии ҳама дар назди қонун дар назар дорад, эътироф ва кафолат дода шудааст. Чунончи, Конститутсия озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас медонад (муқаддима), инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эълом намуда, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба зиммаи давлат во гузоштааст (моддаи 5), муқаррар намудааст, ки «шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷӣ кишвар таҳти ҳимояи давлат» аст (қ.1 моддаи 16), «ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд» (қ.1 моддаи 17), «шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад» (моддаи 24), «шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад» (қ.1 моддаи 27).

Ҳамчунин дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқи, масалан, умумиву баробари интихоботи Президент (қ.1 моддаи 65), Конститутсия дар мавриди дастгирии пешниҳоди номзад ба ин мансаб зарурати имзои ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагонро сарфи назар аз ҳама гуна фарқият миёнашон, аз ҷумла вобаста ба ҷойи зист, пешбинӣ намудааст (қ.3 моддаи 65). Талаботи зикршудаи қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муқаррароти марбутаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ихтилоф дорад.

Чунончи, ҳуқуқи иштирок бевосита ё тавассути намояндагони тариқи озод интихобшуда дар идоракунии давлатро банди 1 моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаи 25 Паймонаи байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, банди «а» моддаи 29 Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ доир ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон пешбинӣ намудаанд. Қисми 2 моддаи 20 Конвенсия ба замми ин муқаррар менамояд, ки истифода аз ҳуқуқу озодиҳои дарназардоштаи Конвенсия тавре кафолат дода мешавад, ки табъизро вобаста ба ҳама гуна нишона, аз зумраи ҷинс, нажод, ранги пуст, забон, дин, ақоиди сиёсиву дигар, мансубияти миллӣ ё иҷтимоӣ, рабт ба ақалияти миллӣ, вазъи молу мулкӣ ва мансабӣ, зодгоҳ ё ҳолати дигар истисно кунад.

11 ноябри соли 2003 маҳз огоҳиномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ аз хусуси анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ асос барои эътибор пайдо кардани Конвенсия оид ба стандартҳои интихоботҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (7 октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинёв қабул гардидааст) дониста шуд. Вале худи Тоҷикистон бо муқаррароти қонунаш, ки боиси дархости мазкур шудааст, ин Конвенсияро вайрон кардааст. Чунончи, дар қисми 3 моддаи 1 Конвенсия аз ҷумла омадааст: «Танзими қонунгузории ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан, тартиби интихобот (низомҳои интихоботӣ), ҳамчунин маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои интихоботӣ набояд ҳуқуқу озодиҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолатҳои конститутсионӣ ва (ё) бо қонун пешбинишудаи татбиқи онҳоро маҳдуд ё бекор намояд ва ё моҳияти табъизомез дошта бошад». Талаботи банди в) моддаи 2 Конвенсияи мазкур лоиқи таваҷҷӯҳи хоса аст. Дар он омадааст: «ҳар як шаҳрванд, ки дар давраи гузаронидани интихоботҳои миллӣ берун аз қаламрави давлати худ зиндагӣ мекунад ё буду бош дорад, бо шаҳрвандони дигари давлаташ ҳуқуқҳои интихоботии баробар дорад. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, шахсони мансабдори онҳо ба шаҳрвандон ҷиҳати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои интихоботиашон мусоидат мекунанд». Зимнан қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ дониста, дар сурати ба онҳо мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ амали меъёрҳои санадҳои байналмилалиро афзал донистааст.

Дар маҷмӯъ муқаррароти таъкидшудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ифодагари онанд, ки ҳуқуқи иштирок дар идоракунии давлатӣ ҷузъи таркибии мартабаи (статуси) конститутсионӣ-ҳуқуқии шаҳрванд дар ҷомеъаи демократист ва ҳадафаш таъмини имконияти истиснокунандаи ҳама гуна табъиз ва маҳдудияти беасос барои субъекти комилҳуқуқи мардумсолорӣ донистани ҳар як шаҳрванд аст, ки ин имкониятро дастҷамъона бо дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Талаботи қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд», аз сабаби мамониат эҷод карданаш ба шаҳрвандони бурунмарзӣ дар мавриди истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии интихоботиашон, ҳамзамон ҳуқуқи шаҳрвандонро дар робита ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ низ халалдор мекунад. Қисми 2 моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҳизбҳои сиёсиро дар ҳаёти сиёсӣ ва масъулияти онҳоро ҷиҳати мусоидат ба ифодаи иродаи халқ пешбинӣ намудааст. Ҷиҳати татбиқи талаботи мазкур қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ») ҳизби сиёсиро субъекти ҳуқуқи пешниҳоди номзад ба мансаби Президент эътироф намудааст.

Ин аст, ки талаботи мавриди назари Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқҳои конститутсионии аъзову ҷонибдорони Ҳизби сиёсиро низ, бахусус онҳоеро, ки буду бошашон берун аз қаламрави мамлакат аст, маҳдуд месозад. Ҳамин тариқ қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд» ба моддаҳои 5-6, 10, 14, 24 ва 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дорад, яъне ғайриконститутсионист ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро вайрон мекунад. Дар асоси моддаҳои 84 ва 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1, 14, 34, зербанди 7) моддаи 37 ва моддаи 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», – хоҳиш менамоем:

Қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мазмун аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд», ғайриконститутсионӣ дониста шавад.

Замима

1. 10 нусхаи дархост бо замимаҳояш.

2. Квитансияи пардохти боҷи давлатӣ.

3. Нусхати матни санади меъёрии ҳуқуқие, ғайриконститутсионӣ будани онро дархости мазкур тақозо дорад.

4. Нусхаи муроҷиати муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон М.Ҳаит ба Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2013 таҳти рақами 0073.

5. Нусхаи мактуби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013 таҳти рақами 627.

М.Кабирӣ, Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

3 октябри соли 2013

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...