Чкаловск: Боздошти авбошони ба ду нафар сокинони шаҳр дарафтода

Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд авбошони чанде қабл ба ду нафар сокинони шаҳр осеби вазнини ҷисмонӣ расонида боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ин амал ду нафар шаҳрвандони 21-сола ва як нафар шаҳрванди 20-сола боздошт […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд авбошони чанде қабл ба ду нафар сокинони шаҳр осеби вазнини ҷисмонӣ расонида боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ин амал ду нафар шаҳрвандони 21-сола ва як нафар шаҳрванди 20-сола боздошт гардидаанд.

«Муайян карда шуд, ки рӯзи 30-юми сентябр дар кӯчаи Победа бидуни сабабе онҳо сокинони 17 ва 18-солаи шаҳрро мавриди таҳқир ва лату кӯб қарор дода, ба онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидаанд», – гуфтанд дар Раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.