Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд авбошони чанде қабл ба ду нафар сокинони шаҳр осеби вазнини ҷисмонӣ расонида боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ин амал ду нафар шаҳрвандони 21-сола ва як нафар шаҳрванди 20-сола боздошт гардидаанд.
«Муайян карда шуд, ки рӯзи 30-юми сентябр дар кӯчаи Победа бидуни сабабе онҳо сокинони 17 ва 18-солаи шаҳрро мавриди таҳқир ва лату кӯб қарор дода, ба онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидаанд», – гуфтанд дар Раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



