То имрӯз дар вилояти Суғд беш аз 76 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки ба 67,57%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, то кунун дар бораи иҷрои нақша 120 хоҷагии деҳқонии вилоят мужда расонидаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давраи соли гузашта кишоварзони вилояти Суғд 92 ҳазору 937 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда буданд, ки ба 82,61%-и нақша баробар буд.
Дар вилояти Суғд соли равон дар майдони умумии 57 ҳазору 420 гектар пунбадона кишт шуда, ба даст овардани 112 ҳазору 563 тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Соли гуашта дар вилоят дар майдони 61 ҳазору 250 гектар пунбадона кишт шуда, кишоварзон 113 ҳазору 689 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.



