Тоҷикистон созишномаи транзити амволи Британия аз Афғонистонро тасдиқ мекунад


Ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми МНМО ҶТ баррасии масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ «Дар бораи таъмини транзити амволи низомӣ, афсарони Британияи Кабир аз Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон» ворид карда шудааст.

Ба баррасии вакилони парлумон ин масъала аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидаааст. Тавре як манбаъ ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ин масъаларо ба вакилон узви Кумитаи МНМО ҶТ оид ба мудофиа ва амният Сайфулло Гиёев шарҳу тавзеҳ хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки 18-уми апрели соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таъмини транзити амволи Британияи Кабир тавассути қаламрави Тоҷикистон аз Афғонистонро ба имзо расонида буданд.

«Дар созишномаи мазкур натанҳо транзити техникаву муҳимоти низомӣ, балки дастгоҳу таҷҳизот ва асбобу лавозимоти дафтарҳои корӣ тавассути қаламрави заминиву ҳавоии Тоҷикистон пешбинӣ мешавад», – иброз дошта буд он замон сафир.

Дар ҳамин ҳол, Британияи Кабир омода аст, ки ба кишварҳои мусоидаткунандаи Осиёи Марказӣ дар хурӯҷи авмолаш аз Афғонистон, қисмате аз амволро ба ихтиёри ин кишварҳо вогузорад, вале Робин Орд-Смит дар ин маврид изҳор намуда буд, ки ин созишномаи ҷудогона хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки масоили истифодаи қаламрави Тоҷикистон барои хурӯҷи гурӯҳи нерӯҳои бритониёӣ дар ҳайати эътилофи байнулмилалӣ (ISAF) ва амволи онҳо аз Афғонистон бори нахуст дар Душанбе зимни мулоқоти президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири масоили қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир Ник Харвей баррасӣ шуда буд.

Он замон прзезиденти Тоҷикистон ба вазири бритониёӣ итминон дода буд, ки ин масъала базудӣ ҳаллу фасл шуда, натиҷи он ба ҷониби Британия расонида хоҳад шуд. Пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Н.Харвей ба журналистон зикр карда буд, ки то соли 2014 Британия аз Афғонистон бояд ҳудуди 11 контейнер ва 3 ҳазор мошинҳои зиреҳпӯшро хориҷ кунад.

spot_imgspot_img

Популярное