АНМН: Қатъи фаъолияти як гурӯҳи нашъаҷаллобон


Дар натиҷаи баргузории сисилаамалиёти махсус кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллобонро қатъ карданд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон  маводи нашъадор мусодира гардида, 4 нафар дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, якчанд моҳ қабл кормандони АНМН корро бо тартиб додани ҳуҷҷатгузории фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллоб, ки аз ҷумлаи сокинони вилоятҳои Хатлон ва Суғд иборат буд, шурӯъ карданд. Чунончӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар рафти гузаронидани амалиёт 2 сокинони вилояти Суғд, ки яке 30 ва дигаре 35 сола мебошанд, дастгир шуданд.

Ҳангоми дастгиркунӣ аз онҳо як пакет, ки дар дохилаш маводи хокамонанди ранги ҷигарӣ бо бӯи махсус дошт, ошкор ва мусодира шуд.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии иловагӣ боз 2 ҳаммаслаки ин ҷиноят дастгир шуданд. Инҳо сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд буданд. Ҳангоми кофтуков дар ҷои истиқомати зодаи ноҳияи Б.Ғафуров, дар хонае, ки дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, бо истифода аз саги хизматӣ-кофтуковӣ, дар махфигоҳи махсус тайёршуда, 7 баста бо маводи нашъадор ошкор ва мусодира шуд.

Тибқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ маводҳои ошкоршуда воситаҳои нашъадори афюн ва героин мебошанд. Вазни умумии онҳо 28 килоро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ қаблан маҳкум шуда буд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ (нигоҳдории ғайриқонунӣ ва фурӯши маводи нашъадор дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дастгиршудагон дар ТНМ РАНМН дар вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шуданд.Феълан гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил дода шудааст, ки корҳоро оид ба ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ширкаткунандагони гурӯҳи ҷиноятӣ идома дода истодааст.

spot_imgspot_img

Популярное