Даъвати собиқ сухангӯи президент аз муҳоҷирон ҷиҳати овоздиҳӣ ба Э.Раҳмон


Вакили палатаи поёнии парлумон, собиқ сухангӯи президенти ҷумҳурӣ, собиқ муовини аввали раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода бо муҳоҷирони кории тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия як қатор вохӯриҳо баргузор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, Давлатзода аз ҳамдиёрон даъват ба амал овард, ки рӯзи 6-уми ноябр ба ҷонибдории президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Зимни суханрониҳо вакил ба муҳоҷирон роҷеъ ба «корҳои бузурги Э.Раҳмон барои ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти ғизойӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ» маълумоти муфассал дод.

Ба қавли котиби матбуотии парлумон, дар шаҳри Санкт-Петербург Давлатов дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва таҳияи лоиҳаи қонуни модулӣ барои кишварҳои узви ИДМ «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан, арбобони маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ» иштирок мекунад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 6-уми ноябр дар рӯзи интихоботи президенти Тоҷикистон дар 26 кишвари дунё қитъахои овзодиҳӣ боз мегарданд. Дар Русия – 24, Афғонистон – 4, Туркия, ИМА, Эрон, Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин ва Қазоқистон – 2-тогӣ, Ӯзбекистон, Ҷопон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Миср, Озарбойҷон, Туркманистон ва чанде аз кишварҳои аврпуоӣ – 1-тогӣ қитъаҳои овзодиҳӣ кушода мешаванд.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд. 

spot_imgspot_img

Популярное