Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо вазири молияи Давлати Қатар ва раиси Шӯрои идории Бонки миллии Қатар Алӣ Шариф ал-Имодӣ мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қатар, раванди татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба, ба хусус ҳамкориҳо дар соҳаҳои бонкию молиявӣ, сохтмони масҷиди замонавӣ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзилию тиҷоратии “Диёри Душанбе” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Алӣ ал-Имодӣ ба муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯст баҳои мусбат дода, аз ҷумла қайд намуд, ки робитаҳо бо ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар боз ҳам фаъолтар хоҳанд гардид.
Гуфта мешавад, ҳамзамон зимни мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.



