Баррасии роҳандозии ҳамкориҳо миёни БМТ ва «Коммерсбонк АГ»-и Олмон


Зимни мулоқоти чанде қабли раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ва ҷаноби Кристофор Метсе, аъзои Шӯрои иҷроияи Коммерсбонк АГ (Олмон) масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрии расмӣ тарафҳо аз сатҳи ҳамкориҳои самаровар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ барои инкишоф ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Зимнан зикр мегардад, ки Коммерсбонк АГ яке аз бонкҳои калонтарин дар Аврупо ба шумор рафта, фаъолияти худро аз соли 1870 оғоз бахшидааст ва дар бештари хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ мавқеи пешбарро ишғол менамояд.

spot_imgspot_img

Популярное