Сарони кишварҳои Озарбойҷон, Эрон ва Туркманистон ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба мансаби президентӣ интихоб шуданаш барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Пирӯзии боэътимоди Шумо дар интихобот аз боварии комил нисбат ба Шумо, аз дастгирии халқи Тоҷикистон сиёсати Шуморо, ки мақсад аз он таҳкими мустақилияту соҳибихтиёрии кишвар, рушди демократия, тартибу низом ва қонуният аст, далолат мекунад. Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши муносибатҳои неку дӯстонаи анъанавӣ, рушди ҳамкорӣ ва фаъолияти мутақобилаи байни кишварҳоямон ба манзури шукуфоии халқҳоямон мусоидат менамояд».
Дар барқияи шодбошии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ таъкид шудааст: «Ин интихоби муҷаддад, фурсатеро барои самарабахшии талошҳои масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳои дар дастури кори миёни ду кишвар фарохам хоҳад намуд. Умедворам, дар давраи ҷадид ва дар партави сайъу кушишҳои муштарак, беш аз пеш шоҳиди густариши рӯзафзуни равобити миёни ду кишвар дар ростои манфиатҳои мутақобили ду миллат ва ҳамчунин тавсеаи сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ бошем.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Эмомалӣ Раҳмон «тансиҳатии бардавом, ғайрату қувваи ҳаётбахш, ҳамчунин бахту саодати шахсӣ ва дар мансаби олии давлатӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии халқи дӯсти Тоҷикистон комрониҳо» таманно намудааст.



