Тайи ҳафтаи ахир қурби миёнаи асъори хориҷии бештар мавриди истифода дар Тоҷикистон коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки милли ҷумҳурӣ, қурби миёнаи доллари ИМА дар давоми ҳафта аз 4,8840-4,8980 то 4,8830-8990 сомонӣ муқаррар шуд.
Ба иттилои манбаъ, қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ дар сатҳи 0,1480-0,1520 сомонӣ қарор гирифт. Расо як ҳафта қабл қурби рубли русӣ нисбати асъори миллӣ 0,1510-0,1520 сомониро ташкил дода буд.
Зимнан зикр мегардад, ки тӯли ҳафта қурби евро аз 6,5640-6,5650 то 6,4560-6,4800 сомонӣ поин рафтааст.



