Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои ҷумҳурӣ ба маблағи 889,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин 123,7%-и иҷрои нақша, cуръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2012 – 117,1%-ро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли гузашта 130,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба маълуомти Шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 120 кило тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 220 кило бештар мебошад. Истеҳсоли нуқра ба 1 ҳазору 417 кило расида, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашшта 17 кило зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, корхонаҳои соҳа дар ин давра истеҳсоли хокаи сурмаро ба 13,5 ҳазор тонна, хокаи сурбу нуқраро ба 9,9 ҳазор тонна, хокаи сурбро ба 26,9 ҳазор тонна ва хокаи руҳро ба 48,2 ҳазор тонна расониданд.
Ба иттилои манбаъ, дар соли 2013 cармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 229,3 млн. сомониро ташкил дода, аз ҷумла ба ҶММ КМ «Зарафшон» – 142,8 млн. сомонӣ, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Чин»-13,4 млн. сомонӣ, ҶДММ «Пакрут»- 15,1млн. сомонӣ, ҶСНК «Такобский ГОК»-5,6 млн. сомонӣ ва Артели заршӯии “Одина” – 17,0 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар ин давра ҳаҷми фурӯши маҳсулот дар корхонаҳои саноати кӯҳӣ 781,7 млн. сомониро ташкил кард. Дар ин давра ҳаҷми пардохти андозҳои давлатӣ аз ҷониби корхонаҳои саноати кӯҳӣ зиёда аз 217,2 млн. сомониро ташкил намуд. Корхонаи ҶДММ КМ “Зарафшон 134,3 млн. сомонӣ, ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону-Хитой 33,0 млн. сомонӣ, ҶДММ КМ “Апрелевка”(14,8 млн. сомонӣ), Артели заршӯии “Одина”(6,1млн. сомонӣ) ба буҷа пардохт намуд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти омории Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли равон Тоҷикистон содироти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳоро дар ҳаҷми умумии 28,9% коҳиш дод.
Тӯли моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ маблағи умумии содироти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо 55,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 млн. доллари ИМА камтар аст ва ин вазъ шояд ба поинравии нархҳо ба ин маснӯот дар биржаҳои ҷаҳонӣ марбут бошад.
Соли 2013 аз истеҳсоли то 3 тонна тилло ва то 2 тонна нуқра дар корхонаҳои истихроҷи тиллои ҷумҳурӣ интизорӣ меравад.


