Геологҳои тоҷик ба идомаи кор дар майдони ояндадори «Курговад» (Помири Ғарбӣ) бо таркиби дорои ҳаҷми кофии мусковит ва ставролит барои истихроҷи гилхох, ки ҷихати истифодаи алюминий истифода мешаванд, омодаанд.
Аз Саридораи геологияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки корҳои таҳқиқотии анҷомдода дар ин майдон аз мавҷуд будани минералҳо дар он гувоҳӣ дода, шароити мавзеъ ба сохтмони корхонаи маъдантозакунӣ имкон медиҳад.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъдани ин майдон дар ҳаҷми зиёд ду навъи минерал – мусковит ва ставролит мавҷуданд, ки таносуби онҳо дар 1 млн. маъдан 15-25% ставролит ва 53% алюминий ва мусковит дар маъдан 50-60% ва алюминий 38% аст. Ғайр аз ин, дар таркиби маъдан биотит ва дар ҳаҷми начандон зиёд оҳан ва титан низ мавҷуд аст», – гуфтанд дар Саридораи геология.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, дар майдон ҳудуди 150 млн. тонна маъдани дорои ин навъи минералҳо ошкор гардида, ҳаҷми худи маъдан боз метавонад садҳо миллион тоннаи дигарро ташкил диҳад.
«Дар марҳилаи корҳои озмоишӣ дар ҳамдастӣ бо Пажуҳишгоҳи саноати Вазорати энергетика гилхоки дорои сифат ва меъёри мутобиқ ба даст оварда шуд, вале ин алҳол нокофӣ буда, барои ба ин мавзеъ додани мақоми кони истихроҷ, таҳияи нақшаи коркарди технологии ин маъдан озмоишҳои саноатӣ заруранд», – зикр кард манбаъ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки барои маблағгузории танҳо як марҳилаи таҳқиқоти геологӣ аз 1 млн. то 2 млн. доллари ИМА маблағ зарур буда, аз ин рӯ, ҷалби сармоягузори хориҷӣ мувофиқи мақсад аст.



