Имзои созишномаҳо ба маблағи 1 млн. $ дар форуми сармоягузории Исфара


Дар шаҳри Исфара бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, ташкилотҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, ҳамчунин доираи васеи бахши хусусӣ Форуми инвеститсионӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар чорабинии мазкур бо баробари шиносоӣ бо дастовардҳои марҳилаи аввали татбиқи  Барнома, аз ҷумла сафарбарсозии захираву сарчашмаҳои дохилӣ барои татбиқи лоиҳаҳо, раванди шарики давлат бо бахши хусусӣ, афзалиятҳои маблағгузорӣ ба шаҳру деҳоти Исфара ва лоиҳаҳои алоҳида муаррифӣ шуданд.

Қобили тазаккур аст, ки ба «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 – 2017» 338 лоиҳа ба маблағи 1,5 миллард сомонӣ ворид гардидааст, ки аз  ин теъдод 38 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ, 152 лоиҳа ба бахши иҷтимоӣ, 106 лоиҳа ба бахши инфрасохтор ва 34 лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда марбут мебошад.

Дар форуми инвеститсионии шаҳри Исфара панҷ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 5 миллион сомонӣ (1 млн. $), байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва соҳибкорони маҳаллӣ ба имзо расиданд.

Аз ҷумла оид ба бунёди корхонаи истеҳсоли пойафзол ба маблағи сармоягузории 1,5 миллион сомонӣ бо ташкили 100 ҷойи нави корӣ, вобаста ба бунёди корхонаи коркарди шир ва коргоҳи қаннодӣ ба маблағи 1 миллион сомонӣ бо фароҳам овардани 40 ҷойи нави корӣ, оид ба бунёди Маркази замонавии сайёҳӣ – иборат аз меҳмонхона, толори конфронс ва коргоҳи дӯзандагӣ ба маблағи умумии 1 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 100 ҷойи нави корӣ, оид ба бунёд намудани корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк ба маблағи 970 ҳазор сомонӣ бо ташкили 50 ҷойи нави корӣ ва оид ба сохтмони боғчаи бачагонаи замонавӣ барои 100 кӯдак ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ ба имзо расиданд.

Ҳамзамон бо намояндагони шарикони рушд оид ба дастгирии лоиҳаҳои алоҳидаи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 – 2017» мувофиқаҳои пешакӣ ҳосил гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное