Дар Душанбе дурнамои рушди бахши сайёҳӣ баррасӣ мешавад


Дар ҳамоиши имсолаи саноати сайёҳӣ, ки  бо ташаббуси Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (ТАТО) дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» доир мегардад, намояндагони тақрибан 80 ташкилотҳои соҳаи сайёҳӣ аз саросари Тоҷикистон дурнамои рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти дастандаркорони ҳамоиш, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ шиносоии бештари иштиркочиён бо ислоҳоти тарҳрезишуда дар фаъолияти бахши сайёҳии ҷумҳурӣ аст, ки айни замон аз ҷониби ҳукумати кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, сухангӯён аз созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва инчунин аз муассисаҳои хусусии соҳаи сайёҳӣ таҷрибаҳои худро оид ба фаъолияташон дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодул менамоянд ва бахусус таъкид ба он хоҳанд кард, ки чӣ тавр рӯҳияи соҳибкорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор аст.

«Ба замми мубодила намудани иттилооти таҷдидшуда дар соҳаи сайёҳӣ, дар баҳсу баррасиҳои мазкур, Ассотсиятсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон ин маъракаро як нишонаи қавие дар эътирофи саноати туризм ҳамчун яке аз унсурҳои асосӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд», – зикр мекунанд созмондиҳандагони ҳамоиш.

spot_imgspot_img

Популярное