Имрӯз суд қарор кард, ки сухани ниҳоӣ ба айбдоршаванда соҳибкор Зайд Саидов пагоҳ, 11-уми декабр дода мешавад.
Тавре ба журналистон адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, имрӯз дар суд ҳимоятгари сеюми соҳибкор – Исҳоқ Табров ибрози андеша намуда, аз раисикунандаи мурофиа судя Шавкат Абдулҳақов дархост кард, ки зерҳимояаш аз толори суд озод карда шавад.
«Зимни ибрози андеша оид ба ҳолатҳои парвандаи ҷиноии мазкур ҳамаи адвокатҳо далелу аснодеро пешниҳод намуданд, ки бегуноҳии Зайд Саидовро собит сохтанд. Ин аснод бегуноҳии зерҳимояи моро аз рӯи тамоми моддаҳо, ки ӯ мутобиқи онҳо мутттаҳам карда мешавад, собит намуданд», – зикр кард Қудратов.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ибрози андешаи адвокатҳо музокироти ҷонибҳо сурат гирифт. «Суд ба соҳибкор ҷиҳати омодагӣ ба сухани ниҳоӣ вақт дода, то соати 9-и субҳи 11-уми декабр танаффус эълон кард», – гуфт адвокат.
Зимнан зикр гардид, ки мурофиаи судӣ пагоҳ бо сухани ниҳоии Зайд Саидов оғоз гардида, сипас суд ба хонаи машваратӣ бадар меравад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми декабр айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов
ҳукми 28 соли зиндон
дода шавад. Ҳамчунин прокурор аз суд дархост кард, ки молу мулки соҳибкор мусодира ва муддати 5 соли баъди адои ҷазо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани Зайд Саидов манъ карда шавад, яъне вақте ки ӯ ба синни 83-солагӣ по мениҳад.
Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.
Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.





