Ҳалокати 436 нафар дар садамаҳои нақлиёт дар зарфи 11 моҳ

Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди кишвар 1330 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух доданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, бар асари ин садамаҳои нақлиёт 436 нафар ҳалок ва 1434 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 74 ҳолат, шумори […]

Аваз Юлдошев


Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди кишвар 1330 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух доданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, бар асари ин садамаҳои нақлиёт 436 нафар ҳалок ва 1434 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 74 ҳолат, шумори ҳалокшудагон 29 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 49 нафар зиёдтар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1 –уми октябр президенти ҷумҳурӣ ба марҳилаи аввали лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ҳусни оғоз бахшид, ки дар он низоми идоракунии автоматӣ дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе пешбинӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ итминон медиҳад, ки амалисозии пурсамари ин лоиҳа ба мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҳодисаҳои коррупсионӣ дар роҳҳо мусоидат намуда, як иқдоми муҳимест дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.