Кабирӣ дар бораи эҳтимоли ба ду давлат ҷудо шудани Украина

Дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар Украина, эътироз ва гирдиҳамоиҳои давомдори нерӯҳои мухолифин дар шаҳри Киев раиси ҲНИТ ва вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ чунин изҳори назар кард, ки ин вазъият дар натиҷаи як силсила иштибоҳоти сиёсии ҳукуматдорони ин кишвар рӯйи кор омад. Ба гуфтаи ӯ, хатои аслии президенти Украина Виктор Янукович ва дастаи ӯ дар […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба рӯйдодҳои ахир дар Украина, эътироз ва гирдиҳамоиҳои давомдори нерӯҳои мухолифин дар шаҳри Киев раиси ҲНИТ ва вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ чунин изҳори назар кард, ки ин вазъият дар натиҷаи як силсила иштибоҳоти сиёсии ҳукуматдорони ин кишвар рӯйи кор омад.

Ба гуфтаи ӯ, хатои аслии президенти Украина Виктор Янукович ва дастаи ӯ дар он ифода меёбад, ки онҳо саривақт нисбати муносибати кишвар ба сати ҳамгиройӣ бо Аврупо ё Иттиҳоди Авруосиё сари як хулосаи мушаххас расида натавонистанд

«Ғайр аз ин, Виктор Янукович сиёсати дохилиро нисбат ба президенти пешин Виктор Ющенко хеле дигаргун намуда, ба таъқиби ҳарифони сиёсии худ, аз ҷумла собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенко пардохт ва мутаносибан такрори як силсила аз ин иштибоҳот ба низоъ миёни минтақаҳои кишвар оварда расонид», – зикр кард Кабирӣ.

Сиёсатмадори тоҷик мутмаин аст, ки дар вазъи мавҷуда президенти Украина бояд роҳу восиатҳои созиш бо мухолифинро дарёфт намуда, ба ҳарифонаш гузаштҳо кунад. «Агар президенти Украина минбаъд низ чунин истодагарӣ кунад, Украина метавонад ба ду давлат тақсим шавад», – афзуд раиси ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки аз 21-уми ноябри соли равон эътирозу гирдиҳамоиҳо дар Украина оғоз ёфтанд. Сабаби он аз ҷониби ҳукумати вақти Украина ба таъхир гузоштани имзои созишномаи ҳамгиройӣ бо Иттиҳоди Аврупо унвон мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.