РВКД Суғд: Гумонбарони лату кӯби декани ДДХ сокинони ВМКБ ва Хатлон будаанд

Гумонбарони лату кӯби то марги декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) сокинони ВМКБ ва Хатлон мебошанд. Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл онҳо боздошт шуда буданд. Ба иттилои манбаъ, лату кӯби декан ба фаъолияти касбии ӯ рабт надоштааст. Бинобар сабаби идомаи тафтиш аз ифшои ҷузъиёти дигари қазия […]

Мавлуда Рафиева


Гумонбарони лату кӯби то марги декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) сокинони ВМКБ ва Хатлон мебошанд.

Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл онҳо

боздошт шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, лату кӯби декан ба фаъолияти касбии ӯ рабт надоштааст. Бинобар сабаби идомаи тафтиш аз ифшои ҷузъиёти дигари қазия худдорӣ карда шуд.

Қаблан хабар дода будем, ки бар асари ҷароҳатҳои расонида аз ҷониби афроди номаълум декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии «Хуҷанд (ДДХ) Мунир Хоҷаеви 49-сола

ба ҳалокат расид.

Ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун субҳи барвақти рӯзи 5-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автобуси шаҳри Хуҷанд дарёфт шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.