Роҳи Душанбе – Чанак пурра аз барф тоза шуд


Роҳи мошингарди Душанбе – Чанак, ки чанде қабл ба ҳаракати нақлиёт дар он бар асари боришоти зиёд мушкилот эҷод шуда буд, пурра аз барф тоза карда шуд.

Бино ба иттилои филиали ширкати Innovative Road Solutions, ки ба идораи зербинои роҳи Душанбе – Чанак машғул аст, айни замон дар тамоми қитъаҳои роҳ ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин аст.

Ба иттилои манбаъ, махсусан дар қитъаи роҳ аз километри 62-юм то 73-юм баландии барф бештар буда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани тарма низ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, роҳдорони намояндагии Варзоб барои сари вақт бартараф кардани оқибатҳои тармафароию барфрезӣ фаъолияташонро аз субҳи барвақт оғоз намуда, ба онҳо муяссар гардид, ки бо ҷалби техникаҳои роҳдорӣ роҳро аз барф тоза ва қитъаҳои хавфноки онро бо маводи зиддилағзиш коркард намоянд.

 

spot_imgspot_img

Популярное